Ҳаст доим салтанат дар маърифат,
Ҷаҳд кун то ҳосил ояд ин сифат,
Ҳарки масти олами ирфон бувад,
Бар ҳама халқи чаҳон султон бувад.Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз олимони бузурги фалсафа, илоҳиёт, адиби ширинсухани форсу тоҷик ва Ҳинду Покистон ба шумор меравад. Мутаассифона, ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, шахсияту мартабаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳанӯз барои ихлосмандон ва муштоқони каломаш норавшан аст. Дуруст аст, ки соли 1975 файласуфи шинохтаи тоҷик Моҳирхуҷа Султонов шиносномаи аввалин таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» таълиф намуда, дар омӯзиши ҷараёни зиндагӣ ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ саҳми босазо гузошт.Танҳо бояд илова намуд, ки мутобиқан ба дараҷаи мақому мартабааш ӯро дар мамолики Машриқзамин бо номҳои дигар низ аз қабили Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпушт, Мири Сиёҳпушт, Ҳазрати Амирҷон ёдовари мекарданд. Дар Тоҷикистони мо, хоса вилояти Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа аз рӯи муҳаббати бепоёну самимӣ ӯро Ҳазрати Амирҷон ном мебарем. Номи асосии ин шахси шариф Алӣ бинни Шаҳободдин буда, дар Ҳамадони Эрон дар оилаи марди донишманду пурзаковат ва барӯманди замон ба дунё омадааст. Дар хусуси соли таваллуди ӯ чандон фикрҳои мухталиф вуҷуд надоранд. Лекин дар аксар сарчашмаҳои таърихию адаби Сайид Алии Ҳамадониро 12 моҳи раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 12 октябри соли 1314 мелодӣ мешуморанд.